Панду насихат - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик

Душанбе

Панду насихат - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, ДушанбеПанду насихат - Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе 2012 - Душанбе мой любимый город! Таджикистан, Таджик
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
[2011.10.11][Омар Хайям]
Долго ль будешь ты всяким скотам угождать?
Только муха за харч может душу отдать!
Кровью сердца питайся, но будь независим.
Лучше слезы глотать, чем объедки глодать.
(Перевод: Г.Семенова)
(0) |Добавил: Лана
fff
Страница 1 из 11
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Притчи о жизни-Хикояхои пандомез дар бораи зиндаги » Панду насихат (Назм ва наср)
Панду насихат
РафоДата: Пятница, 2007.06.15, 18:18 | Сообщение # 1
Подполковник
Группа: Почетные
Сообщений: 222
Награды: 1
Репутация: 6
Статус:
Файзи халолатро бие аз сухбати пирон талаб,
Мехру садокатро бие аз покии имон талаб.
Эй булхавас харгиз маноз аз ин ду руза сарватат,
Дасти саховатро кушо фотиха аз пирон талаб.

Муи сафедашро бубин аз умри худ ёби хабар,
Аз комати хамгаштааш ту хикмати даврон талаб.
Бас носипосихо бубин бас куриву кари нигар,
Чашми хунар аз нав кушову давлати пирон талаб.

Аз кирдори манмани хечат нашуд хосил мурод,
Дамро ганимат бишмару шукри дами инсон талаб.
Гар одами одамгари аз панди пирон боз пурс,
Ин хикмати мардонаро аз химмати пирон талаб.

Добавлено (2007.06.15, 18:18)
---------------------------------------------
Нокарда гунах дар ин чахон кист бигу,
Он кас, ки гунах накард чун зист бигу.
Ман бад кардам ту бад мукофот дихи
Пас фарки байни мову ту чист бигу?


Долой скуку!
 
ДобраяДата: Пятница, 2007.06.15, 18:21 | Сообщение # 2
Администрация
Группа: Администраторы
Сообщений: 2630
Награды: 24
Репутация: 44
Статус:
Oн бех ки дар ин замона кам гири дуст,
Бо ахли замона сухбат аз дур накуст.
Он кас, ки туро ба чумлаги такя бар уст
Чун чашми хирад боз куни душманат уст.

Эй азизон тухмати нохак навиштан хуб нест,
Одами дарёдилеро ташна куштан хуб нест.


Нести добро людям!!!!
 
parvizДата: Вторник, 2007.09.25, 15:42 | Сообщение # 3
Рядовой
Группа: Почетные
Сообщений: 30
Награды: 0
Репутация: 0
Статус:
Май душмани масту дуст бо ҳушёр аст,
Андак тарёку беш заҳри мор аст.
Дар бисёраш музаррати андак нест,
Дар андаки у манфиати бисёр аст.
(Ибни Сино)
************************************

Дар фикри ошноии ахли сухан мабош,
Бояд, ки хешро аввал ба сухан ошно кунй.
Gании Кашмирй)

****************************************
Дахани хеш ба дашном маёло,Соиб,
К-ин зари калб ба хар кас, ки дихй, боз дихад.
********************************************
Гаx; фироkу гоx; васлу гоx; шодй, гоx; гам,
Бар сари фарзанди фарзандй одам xар чи ояд, бигзарад.

Сахтгуро сухани сахт ба ислоx орад,
Чирки пирохани фулод ба собун наравад.

Раk;ибро ба тавозуъ нигоx; бояд дошт,
Саги газанда хамон беx, ки ошно бошад.

Ру ба Хинд овардани соx;ибдилон аз баx;ри чист,
Рузгор оинаро муx;точи хокистар кунад.
(Бедил)

 
AlisherДата: Пятница, 2007.09.28, 00:19 | Сообщение # 4
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 593
Награды: 3
Репутация: 5
Статус:
Эй писар хону хон туро гуфтам,
Ки ту бедор шав, ки ман хуфтам.
Сикка бар накши некноми банд,
К-аз баландй раси, ба чархи баланд.
Сухбате чуй к-аз накуноми,
Бар ту орад наку саранчоме.
Куш то халкро ба кор ои,
То ба хизмат чахон биорои.


Счастье это не жизнь без забот и печалей, счастье - это состояние души (Дзержинский)
 
BonuДата: Среда, 2008.06.11, 07:34 | Сообщение # 5
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 879
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Be ilmu amal bihishti rizvon natalab,
Be ruzay be namoz imon matalab.
Khohi,ki puli Sirot oson guzari,
Ozori dili hej musulmon matalab.

Dil ba dast ovar ki hajji akbar ast,
Az hazoron Kaba yak dil behtar ast.
Kaba bunyodi Khalili Ozar ast,
Dil nazargohi Jalili Akbar ast.

Добавлено (2008.06.11, 07:34)
---------------------------------------------
Khob kardan dar sahargohan nishoni gaflatas,
Nokasero tarbiya kardan shikasti davlatas.
Nokase gar az kase bolo nishinad ayb nest,
Z-on,ki khas dar rui obu zeri daryo gavharast.

Nokarda gunah dar in jahon kist, bigu,
On kas,ki gunah nakard,chun zist, bigu,
Man bad kunamu tu bad mukofot dihi.
Pas fark miyoni manu tu chist, bigu.


[url=http://www.radikal.ru]
 
Bedil007Дата: Понедельник, 2011.06.27, 05:38 | Сообщение # 6
Сержант
Группа: Почетные
Сообщений: 72
Награды: 1
Репутация: 2
Статус:
Чист давлат?-Сухбати сохибдилон дарёфтанд,
Ё хузури дустони мехрубон дар ёфтанд.
Сояхои бед бар оби равон фасли бахор,
Дар миёни бустон бо дустон дарёфтанд.
Аз мухаббат боз чонро куввати парвоз бахш,
То бар у осон намояд ошён дарёфтанд...
Руи чононро замину осмон оинаанд,
Ку назар, то акси руяшро тавон дарёфтан?
Эй Хумом, аз нури руи у агар бино шави,
Олами чонро тавони з-ин чахон дарёфтан.


Любить — значит жить жизнью того, кого любишь.
 
SakhiДата: Воскресенье, 2012.10.14, 08:54 | Сообщение # 7
Группа: Удаленные





Одамин одам набинад аз кучо одам шавад,
Шаъм агар оташ набинад аз кучо равшан шавад
 
Боец_Дата: Понедельник, 2012.10.15, 22:17 | Сообщение # 8
Подполковник
Группа: Почетные
Сообщений: 203
Награды: 3
Репутация: 4
Статус:
Бечоравор нола макун пеши зиндаги,
У ҳеч вақт гуш ба афғон намедиҳад.
Чун шаҳсавор хезу ба зураш савор шав,
Ин аспи маст тан ба заифон намедиҳад...


Ба намоз нагу, ки кор дорам,
Ба кор бигу, ки намоз дорам.
 
BonuДата: Воскресенье, 2012.10.28, 22:40 | Сообщение # 9
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 879
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Калон соли надора эътибори,
Калон акли бувад макбули бори,
Атоъи фазли хак акласт тавфик,
Ба фармони худованди муофик,
Калони хои рав маъне талаб кун,
Наинки дил ба ришу муй лаб кун,
Ки рухат дар азал колу бало гуфт,
Танат дар бистари шайтон чаро хуфт

Добавлено (2012.10.28, 22:40)
---------------------------------------------
Малико, Подшоҳо, Парвардигоро, забони моро, ки тӯтии
қафаси тани мост ба нидои «фазкуруллоҳи зикран касиро» гӯё
дорӣ. Илоҳӣ, дидаҳои моро, ки талояи ниҳоди мост ба назари
«фанзуру ило осори раҳматиллоҳ» бино гардонӣ. Илоҳӣ,
гӯшҳои моро ба истимоъи «фа изо қараатил-қур-она
фастимиъу лаҳу» шунаво дорӣ. Илоҳй, синаҳои моро аз
васвоси «ювасвису фӣ судурин-носи, минал-ҷиннати ван-нос»
эмин гардонӣ. Илоҳӣ, айвони ҷалоли дили моро, ки саводи
аъзами султони вилояти имон аст аз бори «улоика катаба фӣ
қулубиҳимул-имон» холӣ магардонӣ. Илоҳӣ, дастҳои моро аз
гирифтани луқмаи ҳаром «ва ло таъкулу амволакум бил-
ботил» нигоҳ дорӣ. Илоҳӣ, қадамҳои моро ба иззати «инна
лаҳум қадамун сидқин ъинда раббиҳим» собит гардони.
Илоҳӣ, фарзанди ҳар яке аз ин бандагонатро ба мактаби «ар-
раҳмону ъалпамал-қур-он» ба ташриф мушарраф гардонӣ.
Илоҳӣ, падарону модарони моро, ки маҳбуси зиндони

лаҳаданд ба башорати «юбашшируҳум раббуҳум
бираҳматим-минҳу ва ризвон» мукаррам гардонӣ.


[url=http://www.radikal.ru]
 
Bedil007Дата: Воскресенье, 2012.10.28, 23:38 | Сообщение # 10
Сержант
Группа: Почетные
Сообщений: 72
Награды: 1
Репутация: 2
Статус:
Bonu, MashaAllah. xele sheri purma'ni. Ki navishtaast namedoned??

Любить — значит жить жизнью того, кого любишь.
 
BonuДата: Понедельник, 2012.10.29, 14:18 | Сообщение # 11
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 879
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Ташакури зиёд бародар.. Ин шеъри Санои аст.

Чойи дигар чунин мегуяад:

Эй мусалмонон надонам то чи даврон омадаст,
Ин чи бедорию бадбахти ба халкон омадаст.
Ин чи бедорию бадбахти дар олам,ки муставхи шудаст,
Аз барои чабру зулму бори исён омадаст.
Авратон бешарм гашта кудакон пас беадаб,
Лофу кизбу бехаёи бенамози кори эшон омадаст.
Илмро кадре намонда олимонро хурмате,
Вакти танбуру рубобу ною анбон омадаст.
Олиме аз дар дарояад бо хазорон илму фазл,
Тахнахо созанд ки муфлис аз пайи нон омадаст.
Золиме аз дар дарояад бо хазорон чабру зулм,
Хона орояанд,ки у аз пеши султон омадаст.
Дар замонаш неъмату мурги кабоб оранду пеш,
Ки фалон ибни фалон имруз мехмон омадаст.
Олимонро хор доранд золимонро бас азиз,
Лочарам бар халк мехнат хамчу борон омадаст.
Ту Саноиро биомурз эй Карим аз фазли хеш,
З-он ки ин дунё бар у Валлохи зиндон омадаст.


[url=http://www.radikal.ru]
 
Bedil007Дата: Вторник, 2012.10.30, 03:51 | Сообщение # 12
Сержант
Группа: Почетные
Сообщений: 72
Награды: 1
Репутация: 2
Статус:
Bonu, in she'r maro mast kard. Takror va takror mexonam ser nameshavam.

Bazeho meguyand, ki charo olami Islom in kadar okibmonda ast? Ba xayolam in she'r javobashon shoyad shavad.

Mutashakkiram, ki zaxmat karda navishted.


Любить — значит жить жизнью того, кого любишь.
 
BonuДата: Вторник, 2012.10.30, 15:23 | Сообщение # 13
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 879
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Bedil007, Бале бисёрихо намедонад,ки исломи азиз ва китоби Куръон рохнамои зиндаги башарият хастанд. Ин мисрахои шеъриро Санои Газнави чандин хазор солхо пеш гуфта буд, ки бинед ба замони хозираи мо рост меояд.

Ислом нафакат савму салот аст,
Ислом асту хаётасту низом аст.
Имруз,ки хароб аст хама чомиаи мо,
Ислом биомуз,ки дарси хаёт аст.

Ислом ин барои мо бояд чизе бошад, ки чун хуну пустамон ва касе натавонад, онро аз мо чудо кунад. Аллохи бузург дар китоби азизаш мефармояд: " Ваттакуллоха хакка тукотихи ва лаа тамутунна илла ва антум муслимун-- Битарсед аз Аллох таоло хакки тарсиданашро ва намиред, магар дар холи мурдан мусалмон бошед." Дар ин оят Аллох таоло моро хушдор дода мегуяд, ки эй бандагони ман шумо мусалмон бошед ва бо имон мурданро пеша кунед! Ва Мухаммад Икболи Лохури хам дар ин бора чи хуб мегуяд:
Гар хамехохи мусалмон зистан,
Нест мумкин чуз ба Куръон зистан!


[url=http://www.radikal.ru]
 
Боец_Дата: Воскресенье, 2012.11.04, 13:10 | Сообщение # 14
Подполковник
Группа: Почетные
Сообщений: 203
Награды: 3
Репутация: 4
Статус:
Биё эй дил агар фирдавс мехохи ибодат кун,
Ба амри хазрати Мавлои худ доим итоат кун.
Гахе зикру, гахе фикру, гахе дар нолаву зори,
Хамеша ху ба файзи чазбаи ахли мухаббат кун.
Гурезон шав зи мункирхои дилсангу парешонху,
Агар ихлос дори, чон фидои ахли сухбат кун.


Ба намоз нагу, ки кор дорам,
Ба кор бигу, ки намоз дорам.


Сообщение отредактировал Боец_ - Воскресенье, 2012.11.04, 13:12
 
Bedil007Дата: Воскресенье, 2012.11.04, 14:48 | Сообщение # 15
Сержант
Группа: Почетные
Сообщений: 72
Награды: 1
Репутация: 2
Статус:
Bonu, 100 foiz bo shumo roziyam. Dar asl hazrati Sanoi baroi man dar soyai shumo yak shinosii nave shud. Oyo medoned ki dar kujo dar borai hayoti hazrat malumot paydo kardan mumkin?

Добавлено (2012.11.04, 14:48)
---------------------------------------------
Боец_, she'ri zuuur. Halovat burdam..

In sher boshad az Fariddun Attor (mutasifona zabonii aslii Tojiki/Forsi-ashro paydo karda natavonistam):

Раз Нуширвана вынес конь на луг.
Там старец был, согбенный, слойно лук.
Сажал деревья он вблизи арыка.
«Ты бел, как молоко, — сказал владыка.
Твой смертный час теперь уж недалек.
Сажать деревья — что тебе за прок?»
Старик сказал: «Не о себе забота.
едь посадил для нас деревья кто-то,
Сегодня с них снимаем мы плоды.
Другим я отдаю свои труды.
Ведь путь добра для душ достойных сладок,
Есть в каждом деле собственный порядок».
Пришелся шаху по душе ответ,
Дал старцу горсть он золотых монет.
Вскричал старик: «Я, деревца сажая,
От них не ждал так скоро урожая!
Восьмой десяток мне, великий шах.
Но погляди — деревья-то в плодах!
Хоть ни одно в земле не укрепилось,
А золота немало уродилось!»
Понравился царю мудрец седой,
Ему ту землю отдал он с водой.
Твори сегодня ты дела благие
У лежебок поля стоят нагие.


Любить — значит жить жизнью того, кого любишь.
 
BonuДата: Вторник, 2012.11.06, 08:49 | Сообщение # 16
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 879
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Bedil007, Ибтидои сухан ба номи Худост,
Он ки бемислу шибху бехамтост

Шумо бародар метавонед каму беш дар бораи Ҳаким Саноии Ғазнавӣ аз сомонаи мо дарёфт кунед.Иншаллох дар оянд ин мавзуъхорро пурра мекунем бо фазли Аллох.
http://muslimin.ucoz.com/forum/4-687-1


[url=http://www.radikal.ru]

Сообщение отредактировал Bonu - Среда, 2012.11.07, 19:01
 
Bedil007Дата: Вторник, 2012.11.06, 13:58 | Сообщение # 17
Сержант
Группа: Почетные
Сообщений: 72
Награды: 1
Репутация: 2
Статус:
Bonu, tashakkuri ziyod. Intizori she'rhoi navi Sanoi hastam.

Добавлено (2012.11.06, 13:58)
---------------------------------------------
Дидем ба ҳар чиз, ки дар имкон аст,
Ҳам манфиатеву ҳам зиён пинҳон аст.
Ангишт, ки оташ шаваду гармӣ диҳад,
Дудаш гаҳи ғофилӣ балои ҷон аст.

Лоиқ Шералӣ


Любить — значит жить жизнью того, кого любишь.
 
BonuДата: Вторник, 2012.11.06, 21:32 | Сообщение # 18
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 879
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Дӯст машмор он ки дар неъмат занад,
Лофи ёрию бародархондагӣ.
(Саъдӣ Шерозӣ)

Чу инсонро набошад фазлу эҳсон,
Чӣ фарқ аз одамӣ то нақши девор.
(Саъдӣ Шерозӣ)

Дурӯғ одамиро кунад бевиқор,
Дурӯғ одамиро кунад шармсор.
(Саъдӣ Шерозӣ)


[url=http://www.radikal.ru]
 
Bedil007Дата: Среда, 2012.11.07, 00:45 | Сообщение # 19
Сержант
Группа: Почетные
Сообщений: 72
Награды: 1
Репутация: 2
Статус:
Дуруг одамиро кунад шармсор
Дуруг одамиро кунад бевикор
Зи каззоб гирад хирадманд ъор
Ки уро наёрад касе дар шумор
Дуруг ай бародар магу зинхор
Ки козиб бувад хору бевикор


Любить — значит жить жизнью того, кого любишь.
 
Боец_Дата: Среда, 2012.11.07, 08:58 | Сообщение # 20
Подполковник
Группа: Почетные
Сообщений: 203
Награды: 3
Репутация: 4
Статус:
Маргам маълум аммо рузи мурданам маълум нест,
Муъминам аммо имон бурданам маълум нест.
Даруни гури торики лахад бошам якин,
Ё ба мехнат, ё ба рохат хуфтанам маълум нест.
************************************
Чу ба сачда сар ниходам, зи замин садо баромад,
Ки маро хароб карди ту ба сачдаи риёи.
Ба тавофи Каъба рафтам ба харам рохам надоданд,
Ту буруни дар чи карди, ки даруни хона ои?


Ба намоз нагу, ки кор дорам,
Ба кор бигу, ки намоз дорам.
 
gulijonДата: Среда, 2012.11.07, 14:54 | Сообщение # 21
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 644
Награды: 9
Репутация: 8
Статус:
Биё эй дил чу қалби каҳф бо марди худо биншин,
Гурезон шав зи ғофил бо гурӯҳи порсо биншин.
Зи заҳри сӯҳбати ноҷинс Канъон ғарки тӯфон шуд,
Баро аз ғофилон назди ҳузури авлиё биншин.
Чаро ранҷурии ин дарди ғафлатро намедонӣ,
Табиби ҳозиқатро ёфта назди даво биншин.


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Среда, 2012.11.07, 19:03 | Сообщение # 22
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 879
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Ҳайфи умре,ки ҳама аз паи ғафлат гузарад
Ба гирифтории дунёву ба кулфат гузарад.
Хуш ҳамон умр, ки дар сӯҳбати мардони худо,
Бо худоҷӯӣ ба ҳар аҳли муҳаббат гузарад.
Ба забон зикру ба дил фикри шуҳуди зоташ,
Ба ҳузури дилу дар гармии сӯҳбат гузарад.
Дил ба огоҳию тан қоими меҳроби суҷуд,
Ин чунин то дами охир ба ибодат гузарад.
Чун саги Каҳф муқими дари мардони худо,
Завқи сармасти майю касби тариқат гузарад.
Дили гулхангаҳе ошиқ кабобе карда,
Ба ҷигардарду ба рухи зарду риёзат гузарад.
Ҳолати ҷазбу дами завқ ба савдои Ҷунун,
Гиряву зор ба андӯҳи қиёмат гузарад.


[url=http://www.radikal.ru]
 
gulijonДата: Четверг, 2012.11.08, 13:51 | Сообщение # 23
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 644
Награды: 9
Репутация: 8
Статус:
Ҳар дида, ки ибрате нагирад, кӯр аст,
Ҳар нуқл, ки лаззате набахшад, шӯр аст.
Рахте, ки тағайюр напазирад, кафан аст,
Он хона, ки табдил наёбад, гӯр аст.


Худованд собиронро дуст дорад
 
Боец_Дата: Пятница, 2012.11.09, 11:12 | Сообщение # 24
Подполковник
Группа: Почетные
Сообщений: 203
Награды: 3
Репутация: 4
Статус:
Дило ёрон хама рафтанд ту аз дунё тамаъ дори,
Туи аблах, туи Fофил, ки дунё хона пидори.
Агар мулки Сулаймонро ту дар зери нигин дори,
Надорад окибат хосил, ки марг андар камин дори.


Ба намоз нагу, ки кор дорам,
Ба кор бигу, ки намоз дорам.
 
BonuДата: Пятница, 2012.11.09, 11:59 | Сообщение # 25
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 879
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
«Эй одамизодагон! Магар ба шумо супориш нанамуда ва амр накардам, ки аҳриманро парастиш накунед чаро, ки ў душмани ошкори шумост ва ин ки маро бипарастеду бас, ки роҳи рост ҳамин аст»
(Сураи Ёсин, оятҳои 60-61


[url=http://www.radikal.ru]
 
Bedil007Дата: Понедельник, 2012.11.12, 06:10 | Сообщение # 26
Сержант
Группа: Почетные
Сообщений: 72
Награды: 1
Репутация: 2
Статус:
Дар миёни ину он мавчи хаёт орад гаме,
Ногахон дар бистарам шуру фигон бардошта.
Уммати моён магар дур шуд, зи нури гавхаре,
Машъали хикмат хама руи чахон афрохта?

Торумори бекасон чун шуд агар он гавхаре,
Бар тамаддуни чахон базми наку ороста,
Гавхари имон агарчи чо набуд дар синае,
Бебадал ин коиноту марги том дарёфта.

Аз бари айши муваккат маст шуд олам хаме
Нангу номус дар фуруш моли гарон бингошта.
Чун ситам аз каъри дил бо худ намеёбад рахе
Ханчари тез боз шуд то синаам бишкофта.

Хазрати Хомуш дами шаб мегирист дар гушае,
Бар харочи Ишки Хак хуни чигар пардохта.
Рахмати чонаш бувад нодидани ин холате,
Пайравонаш якдигар чангу чидол андохта.

Дар гирифтори дами андух шунидам, ки касе
Номи поки Сарварам (с.а.с.) бо лафзи зишт омехта...
Бовикор марде намонд оё, ки ёбад чорае
Зидди каждум дар замирон нештаре бигзошта?


Любить — значит жить жизнью того, кого любишь.
 
gulijonДата: Вторник, 2012.12.04, 13:28 | Сообщение # 27
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 644
Награды: 9
Репутация: 8
Статус:
Дар ҳадисе омадааст, ки одамон се навъ мешаванд: ошиқи охират, ошиқи дунё ва ошиқи Худо…Дунёву охиратро чи кунам, ки онҳо факат
қатраеанду Ту укёнусӣ!!!!!!

Халқи ҷаҳон, ки хидмати додор мекунанд,
Ҳастанд ба се қисм, ки ин кор мекунанд.
Қисме шуданд аз паи ҷаннат худопараст,
В-ин расму одатест, ки туҷҷор мекунанд.
Қавми дигар кунанд парастиш зи бими Ӯ,
Ин кори бандагон-ст на иҷбор мекунанд.
Ҷамъе назар аз ин ду ҷиҳат қатъ кардаанд,
Бар кори ҳарду тоифа инкор мекунад.
Ин аст роҳи ишқ, ки ин фирқа мераванд,
Сайру сулуки роҳ ба ҳинҷор мекунанд...

Добавлено (2012.12.04, 13:28)
---------------------------------------------
Зироатгоҳи дунё ҷои кишт аст,
Ибодат қимати боғи биҳишт аст.
Раҳим асту, вале Қаҳҳор ҳам ҳаст,
Карим аст, аз ғазаб Ҷаббор ҳам ҳаст.


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Понедельник, 2012.12.31, 20:05 | Сообщение # 28
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 879
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Нокобилони дахр ба максад намерасанд,
Дунё хамеша дар талаби марди кобил аст.
(Хофиз)


[url=http://www.radikal.ru]
 
gulijonДата: Понедельник, 2013.02.04, 15:31 | Сообщение # 29
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 644
Награды: 9
Репутация: 8
Статус:
Худоё, зи баъди ҳидоят дигар,
Магардон дили мо ба оини шарр.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор....


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Вторник, 2013.02.05, 21:02 | Сообщение # 30
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 879
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Эй дуст бубин ки ин чахон дар гузар аст
Ин умри азиз чун одами рахгузар аст
Аз ёд набарор вахти мурдани худро
Хар кардаву нокарда бапеши назар аст.

Добавлено (2013.02.05, 21:02)
---------------------------------------------
Эй дуст бубин ки ин чахон дар гузар аст
Ин умри азиз чун одами рахгузар аст
Аз ёд набарор вахти мурдани худро
Хар кардаву нокарда бапеши назар аст.


[url=http://www.radikal.ru]
 
gulijonДата: Понедельник, 2013.02.25, 15:51 | Сообщение # 31
Генерал-майор
Группа: Почетные
Сообщений: 644
Награды: 9
Репутация: 8
Статус:
Муъмин он бошад, ки андар ҷазру мад,
Кофир аз имони он ҳасрат хурад.


Худованд собиронро дуст дорад
 
BonuДата: Вторник, 2014.09.23, 11:17 | Сообщение # 32
Генерал-лейтенант
Группа: Почетные
Сообщений: 879
Награды: 10
Репутация: 16
Статус:
Паём ба хоҳари мусалмон 

Хоҳарам боиффату мастур бош 
Аз масири бадсириштон дӯр бош 
Дар сарои донишу фархангу ҳуш 
Чун чароғ андар шаби торик бош 
Дар паи таклиди берунӣ марав 
Аз шиори аҷнабиҳо дӯр бош Эй ки дорӣ иффату покизогӣ Дар шарофат хам навои Ҳур бош
Гавҳари ахлоқ ҳастанд ифтихор 
В-аз китоб омодаи дастур бош 
Аз сумуми беҳаёи бар хазар Дар макоми модари мащҳур бош 
Даст аз ғафлат макун ҳарсӯ дароз 
Дар ҳарос аз лонаи занбур бош 
Аз фарози қуллаи инсоният Раҳнаварди корвони нур бош Риштаи тазвири душман бигсилон 
Бар ҳиҷобат хоҳарам масрур бош

Добавлено (2014.09.23, 11:17)
---------------------------------------------

Эй холики само,
------------эй холики замин
Иёка наъбуду ...........иёка настаин
Моро хидояте,
----------------------------аз ту инояте
Дастам ба доманат
----------ё рабалоламин


[url=http://www.radikal.ru]
 
Таджикский форум Душанбинцев Таджикистан, Душанбе » культура и образование-санъат ва маориф » Притчи о жизни-Хикояхои пандомез дар бораи зиндаги » Панду насихат (Назм ва наср)
Страница 1 из 11
Поиск:

Powered by Султанов Баходур Анварович © 2015 Яндекс цитирования Находится в каталоге Апорт Яндекс.Метрика
Поддержать форум на Forum-top.ru